Ҳайати Тоҷикистон дар Ассамблеяи ҳафтуми Фонди глобалии экологӣ дар Канада иштирок дорад

Август 24, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ванкувери Канада Ассамблеяи ҳафтум ва вохӯриҳои ба он алоқаманди Фонди глобалии экологӣ оғоз гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок дорад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Ассамблеяи мазкур оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) мебошад. Он барои сармоягузорӣ ба соҳаи экологияи кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат менамояд.

Дар доираи Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ вохӯриҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарони ташкилоти байналмилалӣ ва вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳо дар назар аст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 24, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад