БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Сафедораки Ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Август 20, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сафедораки Ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.

Роҳбарияти ноҳияи Варзоб сокинони деҳаи мазкурро барои бунёди чунин муассисаи тандурустии хуштарҳу замонавӣ табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи мамлакат  корҳои ободониву созандагӣ дар дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ низ идома доранд.

Таъкид шуд, ки бунгоҳи тиббии мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо соҳибкори ватанӣ Раупов  Орифҷон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд карда шудааст, ки ба 352 хоҷагӣ бо фарогирии 1932 нафар сокинони деҳаи болозикр хизмат мерасонад.

Ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори ватандӯст изҳори сипосу миннатдории беандоза баён намуда, ба кори сохтмончиён барои хуштарҳу замонавӣ сохтани чунин бунгоҳи тиббӣ баҳои баланд дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ дорои ҳуҷраҳои қабули беморон, табиби оилавӣ, ташхиси занона ва  доругузаронӣ буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ба истифода додани бунгоҳи тиббии мазкур иҷроиши яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ —  35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Август 20, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд