БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Ҷамъиятҳои «Баракат — Исфара» ва «Субҳи Ватан» ба Аврупо ва Амрико маҳсулот содирот менамоянд
СУҒД, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Баракат — Исфара» ва ҶДММ «Субҳи Ватан» шинос гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба бунёд ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд мешаванд.
Корхонаҳои саноатии «Баракат — Исфара» ва «Субҳи Ватан» аз корхонаҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Дар ҶДММ «Баракат-Исфара» беш аз 140 нафар кор мекунанд. Корхона ба банду баст ва коркарди мева машғул буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия содирот мегардад. Маҳсулоти «Баракат-Исфара» дар ҷумҳуриҳои Чехия, Туркия ва Канада низ серхаридор буда, имсол бори аввал содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Олмон амалӣ гардид.
ҶДММ «Субҳи Ватан» соли равон илова бар анвои гуногуни хушкмеваҳо консерваи барги ток ва ғӯраи зардолуро ба Аврупо ва Амрико содирот намуд ва тасмим гирифта шудааст, ки маҳсулоти корхона минбаъд бештар содирот шавад.
Зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаҳо баҳои баланд ва барои ҳарчи бештар намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ тавсияҳо дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон






