Беш аз 50 ҳазор оила дар Шри-Ланка аз ҳавои хушк зарар диданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 ҳазор оила дар ҳашт вилояти Шри-Ланка аз хушксолӣ зарар диданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, рӯзи панҷшанбе Маркази мубориза бо офатҳои табиии мамлакат дар ин хусус хабар додааст.
Тибқи маълумоти агентӣ, дар давраи хушксолӣ аз сабаби нарасидани оби нӯшокӣ беш аз 180 ҳазор нафар осеб дидаанд. Вазъият дар шимол ва шарқи ҷазира бадтар аст.
Қаблан Вазири кишоварзии Шри-Ланка Маҳинда Амаравира изҳор дошт, ки бар асари хушксолӣ тақрибан 15 ҳазор гектар майдони биринҷ нобуд шудааст. Роҳбарони мақомоти кишоварзӣ хисоротро арзёбӣ доранд, то ба деҳқонон ҷуброн пардохт намоянд.
Мувофиқи маълумоти департаменти обуҳавошиносии Шри-Ланка, ҳавои хушк, ки аз набудани бориши муссонии ҷанубу ғарбӣ ба вуҷуд омадааст, то охири моҳи сентябр боқӣ хоҳад монд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






