«ДУРДОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Нашриёти «Ирфон» маълумотномаи библиографӣ ба нашр омода намудааст

Август 2, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маркетинг ва менеҷменти нашриёти «Ирфон» хабар доданд.

Маълумотномаи мазкур дар бораи зиндагиномаи адибони тоҷик маълумоти тавсиявӣ пешниҳод менамояд. Инчунин дар он фаъолияти корӣ ва рӯйхати осор гирд оварда шудааст.

«Дурдонаҳои Тоҷикистон» аз 2 ҷилд иборат буда, дар он маълумот оид ба рӯзгор ва осори адибон аз соли 1946 то соли 2001 оварда шудааст.

Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба хонандагон ва адибон муроҷиат менамояд, ки агар онҳо рӯйхати асноди таърихии ба ин мавзуъ вобастаро дошта бошанд, барои нашри китоб ирсол намоянд.

Маводи мазкур ба хонандагон, омӯзгорону донишҷӯён ва унвонҷӯён барои омӯзишу баррасии масъалаҳои марбут ба зиндагию фаъолияти адибони тоҷик мусоидат ва барои шиносоии бештари онҳо бо осори адибони тоҷик кумак мерасонад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 2, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд