ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ғолиби чемпионати CAFA-2023 шуд

Август 28, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023)  байни бозингарони то 17-сола гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ дастаи мунтахаби наврасон – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Узбекистон (2:0) ғалаба намуда, аз дастаи мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Узбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Узбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозингари дастаи мунтахаби Узбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ҳамлагари дастаи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозингари чемпионати CAFA-2023 эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 28, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд