«НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ». Дар Душанбе бо иштироки занони соҳибкор ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки занони соҳибкору ташаббускор машварати омӯзишии «Нақши занон дар рушди соҳибкорӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамоиш бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони сохибкор «Кадбону» гузаронида шуд.
Тазаккур дода шуд, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати занон, таъмини баробарии гендерӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ барои духтарон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд.
Мардон ва занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва шаклҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд. Давлат баробарии ҳуқуқи мардон ва занонро дар таъсиси ташкилоти тиҷоратӣ, дастрасии баробар ба гирифтани иҷозатнома, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани андозбандии имтиёзноки соҳибкоронро новобаста аз ҷинс, инчунин ҳавасмандгардонии занонро баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад.
Таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии занон барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасии баробар ба захираҳои молиявӣ тавассути қарздиҳии дастрас, ташаккули низоми дастурии дастгирии рушди соҳибкории занон аз омилҳои асосии рушди соҳибкории занон мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 43 ҳазору 284 нафар ба фаъолияти сохибкорӣ машғул мебошанд, ки аз инҳо 10 ҳазору 553 нафар занон мебошанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба соҳибкорони ташаббускори корхонаву муассисаҳо ва дигар ташкилоти ҷамъиятие, ки дар корҳои ҷамъиятӣ саҳм гузошта, дар татбиқи босамари сиёсати давлатии занон фаъолият нишон медиҳанд, сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд






