Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои садсолаҳо бунёд ёфта, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин месозад

Август 24, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Алҳол дар Неругоҳи барқи обии «Роғун»   беш аз 14 ҳазор коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият намуда, дар сангари сохтмони он  фидокорӣ нишон медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-10 август зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ  дар ин  неругоҳ таъкид доштанд, ки «афзоиши истеҳсоли неруи барқ аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ маҳсуб мешавад, то рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин ва талаботи соҳаҳои истеҳсолӣ ва мардуми мамлакат бо неруи барқ қонеъ гардонда шавад».

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова гуфт, «бунёди НБО –и «Роғун» барои  миллати тоҷик басе муҳим буда, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузург дорад. Бояд гуфт, ки иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 7 фоиз рушд ёфта, талаботи солона ба неруи барқ 2 — 2,5 фоиз зиёд мегардад».

Бо ишора ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша ба масъалаи истифодаи самаранок ва ҳарчи бештари захираҳои энергетикии мамлакат  таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро иқтидори миллат ва сохтмони аср эълон намудаанд.

-Воқеан ҳам, ин иншооти бузурги  аср бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё мояи ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик мебошад, зеро он барои садсолаҳо барои тоҷикистониёну минтақа бунёд ёфта, Тоҷикистонро пурра аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ мебахшад ва омили  рушд ва боло рафтани  сатҳи иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани вазъи иҷтимоӣ ва  некуаҳволии мардум мегардад,- афзуд Дилрабо Ашӯрова.

Бояд тазаккур дод, ки  аз оғози корҳои сохтмониву барқарорсозии НБО-и  «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Инчунин бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои ба итмом расондани НБО –и «Роғун» Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.

НБО –и «Роғун» дар рӯди Вахш бунёд гардида,  як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори муқарраршудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Дар бинои неругоҳ шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб мешаванд. Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ ​​дар НБО «Роғун» дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори «Роғун»-ро бо ҳаҷми умумии 13,3 км3 ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун  маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони НБО –и «Роғун» ҳанӯз солҳои 70-уми асри XX оғоз ёфта буд, аммо бо баъзе сабабҳо аввали солҳои 90-ум боздошта шуд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ ба Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намуд. Раванди музокирот ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои ин раванд се  солро дар бар гирифт. Асосноккунии техникии иқтисодӣ ва арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ  соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду Гурӯҳи коршиносони мустақил — оид ба муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва экологӣ оғоз шуд. Ҳадафи асосии ин таҳқиқот муайян намудани имконпазирии лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и  «Роғун» ва арзёбии мустақилона ва объективии лоиҳаи пешниҳодшуда бо дарназардошти омилҳои техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Ҳама ҳисоботи пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ ба НБО-и  «Роғун» 1 сентябри соли 2014 интишор ёфта буданд, ки ба охир расидани раванди арзёбӣ мебошад.

Тибқи ин арзёбиҳо, лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» ҳам аз ҷиҳати техникӣ, экологӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф гардид. Дар сурати бо иқтидори пурра ба кор андохтани НБО-и  «Роғун» якчанд масъалаҳои мавҷуда  ҳалли худро меёбанд, аз ҷумла норасоии неруи барқ ​​дар мавсими тирамоҳу зимистон пурра пӯшонида шуда, имконияти содиротии низоми энергетикии Тоҷикистон низ меафзояд. Муҳлати истифодаи тамоми маҷмааҳои гидроэнергетикии силсилакӯҳи Вахш низ дароз мешавад ва барои танзими силсиланеругоҳҳои обӣ имконияти техникӣ пайдо мешавад, ки ин кори низоми энергетикиро ҷоннок намуда, тавлиди неруи барқро дар истгоҳҳои поёноб зиёд менамояд.

Аввалин агрегати гидроэнергетикии НБО-и  «Роғун» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ташкилоти молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои мамлакат 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. НБО-и «Роғун» иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти неругоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсолшуда талаботи Тоҷикистонро ба неруи барқ ​​пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

 

Август 24, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд