НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 158 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад
ВАРЗОБ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 39 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо шумораи 73 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 29 иншооти дигар идома доранд. Дар ин хусус 14 август зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои Хусрав Дамонзода, имрӯзҳо корҳои сохтмони бинои иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шаршара, Қулписта ва Суғдиёни Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, бинои муассисаҳои таълимии деҳаи Фанфароқ ва Дашти Ринҷонии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва дар маҷмуъ сохтмони 50 синфхонаи иловагӣ дар ноҳияи Варзоб идома доранд, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар ноҳияи Варзоб дар бахши сайёҳӣ 1000 минтақаи истироҳатӣ сабт шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад, ки дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 31 ҳазору 37 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ бо минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб шинос шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8734 нафар зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






