НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дороиҳои «Амонатбонк» 6,6 ва уҳдадориҳояш 5,8 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 783 миллион сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои «Амонатбонк», ки ҳамчун бонки мардумӣ ном бурда мешавад, 6,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 5,8 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 30,9 фоиз ва 31,2 фоиз зиёд мебошад.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки новобаста аз буҳронҳои молиявӣ ва вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ «Амонатбонк» дар ин давра фаъолияти худро бо нишондиҳанаҳои баланд натиҷагирӣ намуд. Аз ҷумла, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Сармояи «Амонатбонк» дар ин давра ба 783,2 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида қариб 30 фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин гуфта шуд, ки фоидаи софи бонк беш аз 57 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 фоиз зиёд аст.
Ҳамзамон аз рӯи фаъолияти худ «Амонатбонк» 41,7 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 46,8 фоиз зиёд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






