НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шаҳрофар» тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияи Вахшро пурра ба анҷом расонид

Август 2, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияи Вахш аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра анҷом дода шуда, ҳоло дар мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои марбута қарор дорад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита- ин таъмини шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал буда, ҳоло 65 маркази шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд.

Моҳи марти соли равон Нақшаи генералии маркази ноҳияи Балҷувон пас аз тасҳеҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифт.

Инчунин кумита нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон ба охиррасида тадбирҳои дахлдор андешида, аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» лоиҳаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, шаҳрҳои Норак ва Леваканд, қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардид.

Дар айни замон таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Исфара, Бӯстон, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Сангвор, Хуросон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, қисматҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд