НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон қариб 40 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шуданд

Август 10, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76 175 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 57 739 онҳо ҳамчун корҷӯй сабти ном шуда, ба 31 921 расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар маҷмуъ 38 726 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин  Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон мавсуф тазаккур дод, ки дар доираи амали Барномаи мазкур дар шаш моҳи соли равон 4428 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 54,0 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 9,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин гуфта шуд, ки давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили мамлакат корҳои муайян ба иҷро расида, аз 15403 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳамзамон 8811 нафар ба тайёрии касбӣ, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд ва ба 72 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуд, 843 нафар машварати касбӣ гирифт, 51 нафар ҳамчун бекор дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳали зист мебошанд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд