32-СОЛАГИИ МУҚАДДАСТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид
ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он имрӯз 32-солагии муқаддастарин ва шарофатмандтарин ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои сиёсатмадорону зиёиён, олимону муҳаққиқон ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудаю ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ идома дорад.
Баёни ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд.
Сию ду соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи томи таърихи навини худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст менамоянд, барои мо саҳлу осон муҳайё нашудааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад.
Роҳбари давлат истиқлолро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон номидаанд.
Сарвари давлат таъкид доштаанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон буда, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Ва маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.
Хотиррасон намудани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлолияти миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад.
Дар солҳои истиқлолият асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилоти ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад.
Яке аз хусусияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.
Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Истиқлолият неруи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд. Маҳз истиқлолият моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намуд ва аз шоҳраги он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва неруи солим дамид.
Истиқлолият барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он ба тақдири наслҳои оянда вобаста мебошанд.
Дар масири ташаккул ва таҳкими давлатдории мустақил рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳамияти бунёдӣ доранд. Бо шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи парчамбардору давлатсози мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчами давлатӣ, Нишони миллӣ, Суруди миллӣ ва ҳамчунин асъори миллӣ гардид.
Қабули санадҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ баёнгари он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз 24 августи соли 1990 ва Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба марҳалаи нав ворид шуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ ва тадриҷан узви дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ – ИДМ, СҲШ, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, СААД, САҲА, Созмони Давлатҳои Исломӣ ва ғайраҳо гардид, ки дар доираи онҳо мамлакати биҳиштосову халқи меҳмоннавози мо мизбони чандин конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хосса пайваст.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуда, тaшaббусҳои ҷумҳурии мо бa хотири тaъмини зиндaгии шоистaи тaмоми сокинони сaйёрa дaр сaтҳи ҷaҳонӣ пaзируфтa шудaнд. Мардуми тоҷик имкон пайдо намуд, ки Ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик дар асри нав буда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва миллати тоҷик саодатовару нишотофар гардидааст.
Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст. Ба ибораи дигар, ҳар соли ҳаёти сиёсии мамлакатамон аз рӯзи Истиқлолият оғоз мегардад ва мо ҳар кореро, ки давоми сол анҷом медиҳем, ба номи истиқлолият ва ба хотири таҳкими истиқлолият аст.
Мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки тайи 32 сол дар фазои орому осудаи истиқлолият умр ба сар мебаранд. Ин орзу барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни табдир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.
Истиқлолият барои мо марҳилаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.
Ҷашни истиқлолияти навини Тоҷикистон ҷашни дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ — тоҷикон, ҷашни барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи деринаи давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри XX истиқлолияти воқеиро соҳиб шудааст.
Фархунда ва бегазанд бод бузургтарин ҷашни давлатии мо- 32-солагии истиқлолият, озодӣ, ободӣ, ваҳдат, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва фаррухрӯзӣ!
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз