БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои шуъбаи сироятӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОБОД, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи замонавӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода сухан гуфтанд.
Шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, дорои 13 ҳуҷраи муолиҷавӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва 25 кати хоб мебошад. Ҳамзамон шуъбаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.
Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хати кислород умуман мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастрас мегардид. Дар айни замон шуъбаи нави бемориҳои сироятии ноҳия пурра бо хати кислород пайваст мебошад.
Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бунёд гардидааст.
Табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати муҳаё намудани тамоми шароити зарурии корӣ дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ миннатдории хешро иброз наамуда, ваъда доданд, ки дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода намуда, ба беморон бо муомилаи хубу дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Гадоев, дар ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Шарқиёни Ҷамоати деҳоти Нушор хатти оби нушокӣ ва дар деҳаи Саринайи Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёди 101 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 25 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар иншооти боқимонда корҳои лоиҳакашию шаҳодатномакунонӣ идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд






