«БИШНАВ АЗ НАЙ ЧУН ҲИКОЯТ МЕКУНАД… ». Бахшида ба бузургдошти Мавлоно дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хониши сиёсӣ баргузор шуд

Сентябрь 28, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно 27 сентябр дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад… » бо иштироки васеи устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҷамъомад бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки «шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Гуфта шуд, ки насли ҷавонро мебояд бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ба осори бузургоне, чун Мавлоно рӯ оварда, онро мутолиа намоянд ва ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонанд.

Дар маъруза оид ба асари безаволи Мавлоно «Маснавии маънавӣ ва назари олимони ҷаҳон ба муҳтавои он» иброз гардид, ки назми оламгир ва афкору андешаи бунёдиву башардӯстонаи Мавлоно ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст.

Имрӯз дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа менамоянд. Дар осори фалсафии Мавлоно муҳимтарин масъалаҳо воқеъбинона шарҳу тафсир ёфтаанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Сентябрь 28, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад