Дар Душанбе бо иштироки 3000 нафар «Дави дӯстӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» баргузор гардид. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2023 ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим дар доираи баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлдатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир шуд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло,Раҳмонзода муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар ҳайати роҳбарияту кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди пойтахт дар ҳайати беш аз 3000 нафар иштирок намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар маросими ифтитоҳи раисмии «Дави дӯстӣ» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳозиринро ба таҷлили ҷашни бошукуҳи миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар масофаи 4 км- аз назди дарвозаи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе то гардиши «Товус» идома ёфта, тавассути шоҳроҳи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ иштирокдорон байни ҳам рақобат намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба 100 нафари аввал, ки пеш аз ҳама ба хати марра расиданд аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар охир ба 100 нафар иштирокчие, ки аввалин шуда марраро фатҳ намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






