Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ табиби халқиро бо унвони «Доктори фахрии ДДХ» сарфароз гардонид

Сентябрь 28, 2023 09:28

ХОРУҒ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурои олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ҷарроҳи дараҷаи олӣ ва табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов дар ҳузури олимон ва шогирдону ҳамкасбон унвони «Доктори фахрии ДДХ» -ро тақдим намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.

Ин табиби шинохтаи ҷумҳурӣ, ки 84 сол умр дорад, бештар аз 200 мақолаву асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Вай дар муддати тӯлонӣ аз кӯҳсорони ноҳияи Ишкошим намунаҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда, мутобиқи меъёрҳои илми муосир коркард намуд ва банду басту баҳрабардорӣ аз гиёҳҳоро ба роҳ монд. Шурои олимони донишгоҳи Хоруғ мақолаву асарҳои илмиашро, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расидаанд, мутолиаву баррасӣ намуда, ӯро ба гирифтани ин унвон сазовор донист.

Давоми 60 соли фаъолият мавсуф дар соҳаи тиб бо чандин мукофоту ҷоизаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Соли 2002 унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013 ордени Гиппократи Академияи илмҳои халқии Федератсияи Русияро гирифт. Соли 2021 яке аз се барандаи Ҷоизаи байналмилалии Ҷонҷу барои пешбурди мероси фарҳангии ғайримоддӣ шуд, ки ҳамасола дар давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Ҳоло раҳбарии созмони ҷамъиятии гулу гиёҳҳоро низ бар дӯш дорад.

      Аз назари  Ширинбек Давлатмамадов  гиёҳдармонӣ яке аз беҳтарин усулҳои табобат буда, бояд дар асоси меъёрҳои илми муосир  ва ташхиси дақиқ ба роҳ монда шавад. Ба муолиҷаи ниёзмандон  танҳо пас пешниҳоди санадҳои ташхиси озмоишгоҳ шуруъ намудан зарур аст. Дар дорухонаи  ин табиби ҳозиқ дору ва давоҳои гуногун,  ки аз растаниҳои шифобахш омода шудаанд, дар шакли хока, моеъ  ва табиӣ мавҷуд мебошанд. Ду фарзандаш низ касби падарро интихоб намудаанд.

Дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 200 номгӯй гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки ҳанӯз на ҳамаашон мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов ва шогирдонаш тасмим гирифтаанд, ки ҳарчӣ бештар ин гулу гиёҳҳоро кашф, таҳқиқ ва коркард намуда, дар табобати беморон аз онҳо ба таври васеъ истифода   баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд