Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар Самарқанд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар конфронси мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳайатҳои баландпояи 43 давлати дунё, бо шумули 13 вазири кишоварзӣ, роҳбарони аввали ташкилоти байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки амнияти озуқаворӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз афзалияти асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нигаронида шудааст.
Таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронс ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйири иқлим ва таҳдиди афзояндаи гармшавии глобалӣ ҷалб карда шуда, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои амнияти озуқаворӣ хуб воқиф буда, кушиши худро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона месозад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ диққати бештар дода, дар робита ба ин ҷараёни ислоҳотро дар бахши кишоварзӣ бо таваҷҷуҳ ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим идома медиҳад.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






