Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент муайян гардиданд

Сентябрь 4, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони дуюми кушоди кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр муқаррар шуда, барои иштирок дар он варзишгарон аз тамоми манотиқи мамлакат ва аз 13 давлати хориҷӣ, ба монанди Узбекистон, Беларус, Чин, Ҳиндустон, Нигерия, Белгия, Кения, Англия, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Ҳиндустон ва Чин иштирок намуданд.

Ҳамаи варзишгарон масофаи 21 км 97 метрро тай намуда, аз зебоиҳои Ҳафткӯл ҳаловат бурданд. Баъзе аз иштирокчиён давандаҳои ҳаваскор буда, танҳо барои тамошо ва хушҳолӣ ин масофаро тай намуданд ва бо зебоиҳои Ҳафткӯл ва Тоҷикистони биҳиштосо шинос шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки ниммарафони варзишӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Сайри Бӯстон» доир гардид.

Ба ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофоти пулӣ инъом гардид.

Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент:

Мардон

  1. Зуҳуршои Наҷмиддин (Тоҷикистон)
  2. Самариддин Азимов (Тоҷикистон)
  3. Бобоҷон Якимов (Тоҷикистон)
  4. Аҳкомиддин Каримзода (Тоҷикистон)
  5. Меҳробҷон Одинаев (Тоҷикистон)

Бонувон

  1. Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)
  2. Маҳина Баротова (Тоҷикистон)
  3. Марҷона Маҳкамова (Тоҷикистон)

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 4, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд