«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Муаллими Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад.
Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.
Сиротулло Зоиров фаъолияти хуби корӣ дошта, 10 шогирдаш дар даври ноҳиявӣ (4 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), даври шаҳрӣ (1 медали тилло, 4 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) ва дар даври ҷумҳуриявӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.
Мавсуф шахси ҷӯяндаву илмдӯст буда, пайваста ба корҳои эҷодӣ машғул аст. То инҷониб муаллифи 3 дастури методӣ: «Мавзуъҳои коркардшуда барои соатҳои тарбиявӣ», «Ҳувият», «Боргоҳи маърифат», 1 маҷмуаи шеърҳои «Номаи нахустин» ва 36 мақола мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






