ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад

Сентябрь 28, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Афғонистон ба далели он ки  имкони мизбонии бозиҳои байналмилалиро надорад, шаҳри  Душанберо макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб намудааст. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Афғонистон бо  дастаи  мунтахаби  Муғулистон бозӣ менамояд. Вохӯрии аввал 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Бозии ҷавобӣ 17 октябр  дар шаҳри  Улан-Батор  доир  мегирад.

Хотиррасон мешавем, ки ғолиби ҷуфти дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо  дастаҳои мунтахаби  Қатар,  Ҳиндустон  ва  Кувайт бозӣ менамояд.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026

Даври якум. Бозии аввал

12 октябр (панҷшанбе)

 Оғоз – соати 19:00

Афғонистон – Муғулистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд