Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 21, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маросими ҷамъбаст ва мукофотсупории Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» ва маҳфили эҷодии шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи низомнома ва хулосаи аъзои ҳакамон, байни синфҳои 9 ва 10 ғолибон муайян гардида, бо диплому мукофоти пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар байни синфҳои 10 ҷойи якумро Марзбоналии Ҷӯрабек аз ноҳияи Мастчоҳ, ҷойҳои дуюмро Қурбондавлат Гулбекова аз ноҳияи Роштқалъа ва Саидикром Самадов аз шаҳри Бохтар, ҷойҳои сеюмро Бахтиёр Расулов аз шаҳри Душанбе, Озодбахт Муродов аз шаҳри Бӯстон ва Шоҳонаи Иззатулло аз ноҳияи Ховалинг, ҷойҳои ифтихориро Эмомалӣ Сабуров аз шаҳри Кӯлоб, Мадина Ғуломова аз ноҳияи Дӯстӣ, Меҳрона Сапиева аз шаҳри Турсунзода, Шаҳноза Обидҷонзода аз шаҳри Ваҳдат, Басира Одинаева аз ноҳияи Фирдавсӣ, Нигора Султоналиева аз ноҳияи Ишкошим соҳиб гардиданд.

Дар байни синфҳои 9 ҷойи якум ба Самира Саидзода аз шаҳри Турсунзода, ҷойҳои дуюм ба Комилаи Валиҷон аз шаҳри Панҷакент ва Саидаи Рамазон аз ноҳияи Восеъ, ҷойҳои сеюм ба Сабрина Неъматова аз шаҳри Душанбе, Фурқати Азалшо аз ноҳияи Рӯшон ва Мавлуда Бӯризода аз шаҳри Ваҳдат, ҷойҳои ифтихорӣ ба Шаҳром Шарифзода аз ноҳияи Муъминобод, Шукрона Ниёзова аз ноҳияи Панҷ, Иззат Ҷалолов аз шаҳри Бохтар, Сабрина Ҳикматова аз ноҳияи Мастчоҳ, Гулнигор Мамадносирова аз ноҳияи Шуғнон ва Омина Сафарова аз ноҳияи Сино сазовор дониста шуданд.

Дар маҳфили эҷодии шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, овозхонони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо саҳнаҳои ҷолиб, суруду таронаҳои дилангез ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ғолибони озмун шеърҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ қироат шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд