Пагоҳ дар пойтахт Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад. Дар ин Форум намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Дар форум, аз ҷумла мавзуъҳои «Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор дода мешавад.
Дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорони он ба се гурӯҳ ҷудо шуда, ба корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос мешаванд.
Ҳадафи форум асосан муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






