«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда, ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ва ҷаласаҳо доир мегарданд.
Бахшида ба ин рӯз 22 сентябр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ, забон ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ баргузор мешавад.
Ташаббускорони конференсия Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Бунёди Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар он дар мавзуъҳои «Рӯдакӣ-соҳибқирони шоирон», «Устод Рӯдакӣ –падидаи забонӣ ва фарҳангии аҳли Сомониён», «Мусиқии шеъри Рӯдакӣ (бар пояи қофия ва радиф)», «Ҷойгоҳи шоир ва шеър дар дарбори Сомониён (Дар мисоли ашъори Устод Рӯдакӣ)», «Бозтоби боварҳои мардумӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра маърузаҳо қироат мегарданд.
Барномаи фарҳангӣ бар матни ашъори Рӯдакӣ аз ҷониби устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод мегардад.
Мавриди тазаккур аст, ки соли 2002 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






