РӮЗИ ДОНИШ! Имрӯз дар Тоҷикистон соли нави таҳсил бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Сарвари давлат оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли нави таҳсил оғоз меёбад. Ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар назар дошта шудааст, оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Инак, таътили тобистонаи мактабиён ба анҷом расид ва хонандагони муассисаҳои умумӣ, миёнаву олии касбӣ имрӯз ба дарс шуруъ менамоянд. Бо ин мақсад Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохтори вазоратро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва корҳои ободонӣ вазифадор намуд.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи маориф дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар мақоми аввал гузошта шудааст. Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд мешавад, ки ин ба рушди соҳа таъсири мусбат мегузорад.
Танҳо дар соли таҳсили 2023-2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 3967 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 301 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 431 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3235 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад буда, аз ҷумла 76 гимназия ва 83 литсей сабт шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2021-2022 дар мамлакат 27 муассисаи таҳсили умумӣ зиёд шудааст.
Шумораи умумии хонандагон 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафар духтарон мебошанд.

Инчунин соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон 1 сентябри соли 2022 дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ вазифадор намуданд, ки ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсил таҳия намоянд.
Дар робита ба ин Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, ки дар ин самт корҳо пеш бурда шуда, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 дастхати адабиёти таълимӣ ва методӣ ворид шуд. Ба Шурои миллии таҳсилот барои баррасӣ баъд аз таҳлилу ташхис 178 дастхат адабиёти таълимӣ ва бадеӣ пешниҳод гардида, ба ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат 86 номгӯй адабиёти таълимӣ барои баррасӣ пешниҳод шуд.
Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 77 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 3 млн 792 ҳазор нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баъд аз экспертиза ва таҳриру тасҳеҳи имлоиву адабӣ ва техникӣ ба озмуни чоп пешниҳод гардид. Бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаи машваратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январи соли 2023 аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар баробари «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023», инчунин 38 номгӯй китоби дарсӣ аз рӯйи эҳтиёҷоти шуъбаҳои маориф иловатан ба нақшаи мазкур ворид гардид. Дар ин давра раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо 89 номгўй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 475 ҳазору 750 нусха таъмин шуданд, ки ин 51 фоизи дархостро ташкил медиҳад. Инчунин дар ширкатҳои ватанӣ 82 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 млн 167 ҳазор дона чоп гардида, ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Рӯзи дониш маҳсуб мешавад. Имсол низ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои мамлакат табрикот ва паёми Пешвои миллатро мунтазир мебошанд, то суханони Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.
Тавре Устод Садриддин Айнӣ гуфтааст:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем…
Дар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд






