Ширкати «IRS» ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб микроавтобуси тамғаи «Damas» ва қолинҳо ҳадя намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб ба ҳисоб меравад, ба ин муассиса микроавтобуси тамғаи “Damas” ва шумораи зиёди қолин ҳадя гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.
Тавре директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» Чеҳрагул Қосимова иброз дошт, кормандони ширкат дар таҷлили ҷашнҳо, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб доир мегардад, пайваста иштирок менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳамеша ба муборакбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини ин марказ харидорӣ шудааст, меоянд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ дар мадди назари роҳбарияти «IRS» буда, ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе ба таври мунтазам кумак расонида мешавад. Филиали ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-ро дар ноҳияи Варзоб ба зимма дорад.
Филиали ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни онро, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. Ҳамрадиф бо ин иқдом «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрокворӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбоби гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.
Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба таври мунтазам ба дидорбинии иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо ин аз ҷониби филиали ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.
АКС аз филиали ширкати «IRS»








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






