ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, чоршанбе, 263-юмин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 20, 2023 08:00

Дар  ин рӯзи соли 1802 дар Русия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.

***

20 сентябри соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 аксарияти аҳолии Фаронса дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.

***

20 сентябри соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул намуд.

***

20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.

 ***

10 сол пеш, 20 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

20 сентябри соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов ба рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон шомил шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии «Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ» — ро нашр намуд.

***

20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.

***

20 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

***

4 сол пеш, 20 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Шаҳраки Сомониён» дар ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд

20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.

***

Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.

 

Сентябрь 20, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш