Тарбияи ватандӯстӣ омили асосии муқовимат бар зидди терроризму экстремизм мебошад
ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ дар партави татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» вохӯрӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳиму бунёдии тарбияи ватандӯстӣ, фарогирии шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон ба ин раванд, ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки тарбияи дуруст ва созанда, инчунин тақвияти эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷавонони даврони истиқлол ҳамқадами ин марҳилаи нави таърихӣ буда, бояд дорои мавқеи устувор, андешаҳои ваҳдатофар ва тарғибкунандаи ҷомеа ба сӯи иттиҳод ва ваҳдат бошанд.
Ҳамзамон ҷавононро даъват намуданд, ки барои рушди минбаъдаи давлат ва ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ, инчунин ободии мамлакатамон бо қадамҳои устувор ва андешаҳои созанда талош варзанд ва баҳри ҳифзи марзу хоки Ватан садоқатмандона хизмат намоянд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!






