Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан ба масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, диққати махсус дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
Ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид






