Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе 13 сентябр баррасӣ мегардад.
Дар Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мегардад.
Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкориро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






