АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ-КАШШОФИ АСРОРИ ТАБИАТ. Дар Душанбе бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалӣ мегузарад

Октябрь 9, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ-кашшофи асрори табиат» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону донишмандони ватанию хориҷӣ аз Русия, Узбекистон, Фаронса ва Покистон иштирок доранд.

Дар симпозиум Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён қироат гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ симпозиумро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «олим, мутафаккир ва ҳакими фарҳехта Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ соли 973 дар шаҳри Коси тобеи Хоразм таваллуд шудааст. Бояд таъкид намуд, ки мавқеи ҷуғрофии Хоразм ва тадбирҳои сулолаи Африғиён (305-995), ки гузаштагони худро аз Сиёвушу Кайхусрав медонистанд, заминаи рушду равнақи илмҳои гуногуни асрро фароҳам оварда буд. Чунин доираи илму маърифати Хоразм Беруниро, ки атои беҳамтои табиат буда, ифтихори башарият гардид, дар домани худ парварда, ба камол расонд».

«Берунии соҳиби истеъдоди фавқулода кӯшиш намуд, ки аз бозёфтҳо ва кашфиёти илмии Эрону Юнон ва Ҳинд, суриёниёну иброниёну калдониён ба таври бояду шояд баҳраманд гардад. Ӯ ҳамзамон бо фаро гирифтани асосҳои илми Шарқу Ғарб саъй намуд, ки забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, ибрӣ ва паҳлавиро омӯзад. Баъд аз омӯхтани ин забонҳо боигарии маънавии онҳоро ба куллӣ аз худ намуда, ба олиме табдил ёфт, ки доир ба илмҳои ситорашиносӣ, фалсафа, математика, тиб, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, массоҳӣ (геодезия) ва таърих на танҳо баҳсу мунозира менамояд, балки роҷеъ ба ҳар яки он асарҳои мукаммал эҷод намуд»,-афзуд Фарҳод Раҳимӣ.


Иброз гардид, ки «Абурайҳони Берунӣ ҳамчунин устоди забардасти забони тоҷикӣ аст. Ӯ дар баробари забони модарияш ҳамчунин аз лаҳҷаву гӯишҳои мухталифи ин забон хуб огоҳ буд. Шаҳодати возеҳи он «Китоб-ус-сайдана фӣ тиб(б)» аст, ки дар он рустаниву маъдану доруҳоро ба забонҳои хоразмию суғдию тахорӣ ва гӯйишҳои гуногуни забони модарии мо, аз ҷумла бухороӣ, самарқандӣ, систонӣ (сиҷзӣ), балхӣ, нишопурӣ, тирмизӣ, бустӣ, зобулӣ, хутталӣ (хатлонӣ) ва ғайра ном мебарад.

Аммо беҳтарин намунаи устодии ӯ дар таълифи осор ба забони модарии мо «Китоб-ут-тафҳим» аст. Ин китоб ягона асари Берунӣ аст, ки нахуст ба тоҷикӣ навишта шуда, баъдан муаллиф онро айнан ба арабӣ гардонидааст. Берунӣ дар ин китоб дар баробари истилоҳоти мутадовили арабии илмҳои машҳури замонаш: ҳандасаву шумору нуҷуму ҷуғрофияву ғайра муодили тоҷикӣ сохтаву баргузида, дар ҳақиқати ҳол кори бузургу шоистаи таҳсине анҷом додааст, ки чунин иқдом дар таърихи ташаккули забони модарии мо ба сифати забони илм беназиру бесобиқа аст.

Котиби Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, доктор Мансур Азизӣ аз Эрон, доктор Масъуди Миршоҳӣ аз Фаронса, доктор Сурайё Каримова аз Узбекистон, доктор Султон Соҳибзода аз Покистон сухан намуданд.

Симпозиум дар ду бахш таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар таърихи илм ва тамаддуни башарӣ», «Осори илмӣ-таърихӣ ва фарҳангии Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти он барои илми муосир» доир шуда, дар он олимони ватанию хориҷӣ дар мавзуъҳои «Масоили методологияи таҳқиқоти илмии Берунӣ дар асоси «Осор — ул-боқия», «Замони Берунӣ ва рушди илмҳои дақиқ», «Саҳми донишмандони асримиёнагии тоҷик дар рушди илмҳои риёзӣ», «Абурайҳони Берунӣ ва харитаи ҷаҳон», «Нигоҳе ба равишҳои гуногунандешии Берунӣ дар таҳқиқи анъанаҳои динӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Берунӣ дар Тоҷикистон», «Инсоншиносии Абурайҳони Берунӣ», Мероси Абурайҳони Берунӣ ва инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ, «Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи илмҳои физика ва математика » ва ғайра маърузаҳо қироат мегарданд.

Симпозим пагоҳ кори худро идома дода, дар он олимон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Оксфорди Британия, Русия Узбекистон ва Эрон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Абурайҳони Берунӣ ва рушди тафаккури илмии Шарқ», «Нигоҳе ба равишҳои гуногунандешии Абурайҳони Берунӣ дар таҳқиқи анъанаҳои динӣ», «Масоили умдаи табиатшиносӣ аз назари Абурайҳони Берунӣ», «Таъсири осори Абурайҳони Берунӣ дар илми ҷаҳон», «Ҷойгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар таъри илми астрономия» маъруза менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуд
Аъҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ ва сохтани бозичаҳо аз гилу сафол мебошад
Дар вилояти Суғд бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
МУЖДАИ НАВРӮЗӢ. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои ҳамзабонони эронӣ ба нашр расид
Бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон китоби «Наврӯзномаи Хатлон» ба табъ расид
Ҳунари балети Тоҷикистон дар Париж муаррифӣ мегардад
Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро тамошо намуд
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
Аз 1 апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мегардад
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад