Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии байналмилалии нақлиётӣ-логистикии «New Silk Way» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии «Нақлиёт ва Логистика» (TransLogistica Kazakhstan) ва Форуми тиҷоратии VI байналмилалии нақлиётӣ-логистикии «Роҳи Нави Абрешим» (New Silk Way) дар шаҳри Остона дар доираи Ҳафтаи нақлиётии Қазоқистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ифтитоҳи ботантанаи намоишгоҳ дар пойтахти Қазоқистон бо иштироки вазирони нақлиёти Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркия, муовинони вазирони нақлиёти Озарбойҷон, Булғористон, Гурҷистон, Латвия, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ТРАСЕКА (Барномаи долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё), Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИА;ЕЭК), намояндагони ширкатҳои бузурги нақлиётӣ-логистикӣ ва соҳибкорон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар намоишгоҳ дастовардҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва мултимодалӣ, муассисаҳои автомобилӣ, ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба долонҳои нақлиётӣ пешниҳод шуданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ бо роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳои нақлиётию логистикӣ суҳбат намуда, дар Форуми тиҷоратии VI байналмилалии нақлиётӣ-логистикии «Роҳи нави Абрешим» (New Silk Way), ки ба мавзуи «Тамоюлҳо дар ҳамлу нақли мултимодалӣ» бахшида шуд, сухан намуд.
Таваҷҷуҳи иштирокдорони форум ба имконияти транзитии Тоҷикистон ва долонҳои нақлиётии мултимодалии он равона шуд. Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии барномаи рушди нақлиёти Тоҷикистон, ки ба рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ равона шудааст, таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати транзитӣ байни Осиёи Марказӣ, Чин, Ховари Миёна ва Аврупо мебошад.
Азим Иброҳим дар доираи иқтидори мавҷудаи марказҳои логистикӣ, терминалҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва намудҳои хизматрасонӣ дар онҳо ба иштирокчиёни форум дар бораи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории миллӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳаи сохтмони роҳҳо, аз ҷумла роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ– Панҷ» иттилоъ дод. Ин роҳ дар долони мултимодалӣ Афғонистон, Эрон ва Туркияро бо Чин ва Қирғизистон тавассути Тоҷикистон мепайвандад ва ҳамлу нақли борҳои мултимодалиро бо ду намуди нақлиёт – роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан таъмин менамояд.
-Дар оянда, гуфт вазир, марказҳои иловагии логистикии мултимодалӣ, ки ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд, шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Ваҳдат, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияи Шаҳритӯс, Панҷи Поён ва ғайра хоҳанд буд. Низомҳои минтақавии нақлиёт ба шарте самаранок хоҳанд буд, ки намудҳои гуногуни нақлиёт муттаҳид ва босубот рушд намоянд. Яке аз вазифаҳои асосии ҳар минтақа- ташкили шабакаи ягонаи марказҳои нақлиётии мултимодалӣ, аз ҷумла дар миқёси миллӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, зарур дониста шуд, ки логистикаи самараноки мултимодалӣ барои таъмини интиқоли зудтари мол байни давлатҳо ва қитъаҳо таъсис дода шавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






