Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои СҲШ имрӯз дар Бишкек баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.10.2023. / АМИТ Ховар/. Ҷаласаи навбатии 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имрӯз дар пойтахти Қирғизистон — Бишкек баргузор мешавад. Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Созмон, Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай буҷети Созмонро тасдиқ намуда, масъалаҳои асосии марбут ба соҳаҳои мушаххаси ҳамкории иқтисодӣ дар доираи созмонро баррасӣ ва оид ба онҳо қарор қабул менамояд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласа инчунин доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ намоянд.
Дар айни замон ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун аъзои комилҳуқуқ 9 давлат: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил мешаванд. Се давлат: Афғонистон, Беларус ва Муғулистон мақоми нозирро дар назди Созмони ҳамкории Шанхай доранд. 14 мамлакат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, АМА, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.
Ҳамчунин дар Бишкек ҷаласаи Шурои Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок менамояд.
Тибқи нақша, имрӯз дар шаҳри Бишкек ҳамчунин ҷаласаи муштараки Шурои Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ ва Шурои байниҳукуматии Авруосиё баргузор мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз










Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






