Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон 500 тонна тухмии хушсифати гандум ва 1250 тонна нуриҳои минералӣ тақсим мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати баланд бардоштани кишти тирамоҳӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тухмии хушсифати гандум ба миқдори 500 тонна ва нуриҳои минералӣ ба миқдори 1250 тонна харидорӣ шуда, ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ тақсим мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Тавре иброз гардид, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, гирифтани ҳосили баланд, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» тақсими тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита ва иловаи нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳии соли 2023 оғоз шуд.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар кишти тирамоҳии гандум ба ҳоҷагиҳои тухмипарвар намудҳои тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита- «Гром», «Алексеевич», «Тимирязевка-150» ва нуриҳои минералӣ харид шуда, ба хоҷагиҳои мазкур барои кишт тақсим мешавад.
Соли 2022 низ ба хоҷагиҳои тухмипарвар барои кишт тухмии хушсифат тақсим гардид, ки дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






