БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамарӯза намоишҳои ҷолибро пешкаши тамошобинон мегардонад
ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Театри тоҷик мебошад. Бахшида ба ин рӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шуруъ аз имрӯз то 4 ноябр ҳамарӯза соатҳои 12:00 ва 15:00 намоишҳо пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин театр хабар медиҳад.
Дар ин рӯзҳо спектаклҳои «Ашки хунин», «Гунҷишкакон ҳам механданд», «Метранпаж», «Арӯси ҷангара», «Модар маро бубахш», «Дирафши ковиёнӣ», «Гирдбод» намоиш дода мешаванд.
Ҳамзамон намоиши «Зани сарватманд» ва «Шабе дур аз Ватан» низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов соли 1971 дари худро барои мухлисонаш боз намуда, 27 декабри ҳамон сол бори аввал театр бо спектакли «Васса Железнова»-и Максим Горкий пардаи худро ба рӯи тамошобинон кушод.
Репертуари театрро асарҳои «Табиби зӯракӣ»-и Жан-Батист Молер, «Пирии пурзаҳмат»-и Лев Разгонов, «Ғори аҷинаҳо»-и Гулрухсор Сафиева, «Хазони таги пой»-и Фотима Ғуломова, «Робияи Балхӣ»-и Азамат Атобоев, «Ҳалокати умед»-и Галина Германсева, «Тангои ҷиноятӣ»-и З. Раннет ташкил менамуд. Ҳайати эҷодии театри навбунёдро актёрони ҷавон ташкил медод.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарпешагону коргардонҳои бомаҳорат фаъолият намуда, асарҳои хуби саҳнавӣ меофаранд. Қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил дода, бо иҷрои нақшҳои хуби офаридаашон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






