Байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Потомаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи ҳамкорӣ имзо мегардад

Октябрь 13, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Потомаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақша доранд, ки бо мақсади табодули донишҷӯён дар самтҳои иқтисодию тиббӣ  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Масъалаи имзои  шартномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии маҷозии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Донишгоҳи Потомаки ИМА Сергей Андроников, Андреа Кемп-Кертис ва Розанна Депинто баррасӣ шуд.

Инчунин дар вохӯрӣ вобаста ба табодули муҳаққиқону донишҷӯён дар самтҳои гуногун, омӯзиши забони англисӣ, ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ-байналмилалӣ, амалӣ намудани таҳсилоти 2+2 ва гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт