Беш аз 9000 корманди корхонаву муассисаҳо дар Ёвон дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон оид ба сари вақт беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ҳашар ташкил шуд, ки дар он беш аз 9000 нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ба саҳро баромада, зиёда аз 460 тонна “тиллои сафед” ҷамъ оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза қариб панҷ ҳазор пахтачину ҳашарчӣ ба майдон баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кумак мерасонанд.
Роҳбарияти ноҳия бо ҳолати имрӯзаи пахтазор шинос шуда, изҳор намуданд, ки бо истифода аз ҳама шароиту имконият ва нерую иродаи кишоварзони матиниродаи ноҳия талош менамоянд, ки нақшаи пахтасупорӣ имсол сари вақт иҷро гардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






