«ДАР ҚАЛАМРАВИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТ». Дар Душанбе китоби академик Кароматулло Олимов ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат»-таҳти ин унвон дар Душанбе китоби академик Кароматулло Олимов ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар китоб мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Китоб барои муҳаққиқони соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва дӯстдорони илму ҳикмат пешбинӣ гардидааст.
АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






