Дар Душанбе масъалаи кушодани хатсайрҳои мусофирбари мустақим байни Душанбе ва Давҳа баррасӣ гардид

Октябрь 19, 2023 09:04

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, Раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо иброз намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хосса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо саҳифаи нав боз намуд.

Ба Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар/ Раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), кушодани хатсайрҳои мусофирбари мустақим байни Душанбе ва Давҳа, сохтмони НБО Шӯроб, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон Эйр” ва сохтмони корхонаи коркард, истеҳсол, консервакунонӣ ва анбори хушккунии меваю сабзавот дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Данғараро пешниҳод карда шуд.

Дар навбати худ Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ ин пешниҳодро хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида иброз дошт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд