Дар Мактаб-интернати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оид ба пешгирии хатари офатҳои табиӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр гузаронида мешавад, дар Мактаб-интернати №13 барои кӯдакони лаёқатманд ва ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин ноҳия дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни омӯзиши намоишӣ кормандони Кумита шароити ба воқеият наздик фароҳам оварданд. Иштирокчиён ба воҳима дода нашуда, калонсолону кӯдакон сари вақт аз бино берун шуданд. Наҷотдиҳандагони Раёсати байниноҳиявии Кумита дар минтақаи Кӯлоби ноҳияҳои Кӯлоб, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда буданд, донишҷӯеро, ки дар синфхона монда буд, аз минтақаи «хатарнок» берун оварданд.
Санҷиши амалии нақшаи тахлия мувофиқи чашмдошт гузашт — мактаббачагон дар гурӯҳҳои муташаккил таҳти роҳбарии муаллимон биноро тарк намуданд. Вақте ки тамоми иштирокчиёни чорабинӣ дар варзишгоҳ ҷамъ омаданд, наҷотдиҳандагон барои мактаббачагон оид ба наҷоти одамон аз бино машқҳои намоишӣ гузарониданд. Вохӯрӣ дар толори маҷлиси мактаб идома ёфт.
Дар муколама кормандони шуъбаи байниноҳиявии Кумита, хадамоти оташнишонӣ ва табибон иштирок варзиданд.
Сардори Раёсати Кумита дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин натиҷаи омӯзишро ҷамъбаст намуда, аҳамияти баргузории чунин омӯзишҳоро таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати омӯзонидани насли наврас ҷалб намуд.
Наҷотдиҳандагон бовар доранд, ки чорабиниҳо оид ба амалиёти фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода дониш ва малакаҳои амалӣ фароҳам меоранд, зеро онҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ на танҳо ба арзёбии дурусти дараҷаи хатар, балки пешгирии оқибатҳои фоҷиавӣ низ мусоидат менамоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






