ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023», ки дар Малайзия баргузор мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд. Чаҳор бозигари мунтахаби олимпии мамлакат (U-23) бори нахуст ба дастаи мунтахаб даъват шуданд, ки онҳо дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов (КМВА), ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ва Алишер Шукуров («Куктош») мебошанд. Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасон (U-17) – Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ менамоянд, даъват гардидаанд.
Ба далели омодагии чемпиони Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни дастаи мунтахаб бозигарони «Истиқлол»-ро дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ менамояд. Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд.
Ғолибони даври нимниҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ба ҳам меоянд ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023»:
Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Далер Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»), Холмурод Назаров («Равшан»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Нигматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






