«ГАНҶИ САОДАТ». ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт

Октябрь 8, 2023 12:09

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ганҷи саодат»  дар Осорхонаи миллии  Тоҷикистон намоиши ҷашнии нусхаҳои дастнависи осори шоири ғазалсаро Ҳофизи Шерозӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода дар ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки Ҳофизи Шерозӣ – бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар адабиёти ҷаҳон мақоми баланд дорад. Зеро номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ гузашта, дар тамоми дунё машҳур шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ашъори ӯ дар радифи пурарзиштарин осори инсоният дар китобхонаҳои машҳури дунё маҳфуз мебошанд.

Рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ ҳамасола 12 октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин дар Осорхонаи миллӣ бори нахуст намоиши нусхаҳои дастнависи осори ин шахсият ташкил ва ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намунаҳои гуногуни нусхаҳои дастнависи девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ гузошта шудаанд. Як қисми осори ба тамошо гузошта дастнависҳои нодири ғазалиёти Ҳофиз мебошанд.

Инчунин дар намоиш намунаҳои хушнависӣ гузошта шудаанд, ки дар онҳо машҳуртарин мисраъҳои шеърии Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби яке аз хушнависони чирадасти ҷумҳурӣ Комилҷон Саидолимов навишта шудаанд.

Барои пайравону муштоқони Ҳофизи Шерозӣ имкон фароҳам оварда шудааст, то бо осори гаронарзиши ин ғазалсарои машҳур шинос гарданд.

Намоиши «Ганҷи саодат» то  20 октябр идома меёбад.

  АКС:Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 8, 2023 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад