ИҶРОИ РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшудагон доир шуд
СУҒД, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшудагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоршуда сабаби он шуданд, ки имрӯз ҷавонони зиёди ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел шаванд.
Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Тавассути ғайрату матонати ҷавонони баору номус ва дастгирии падару модарони иззатманд дар рӯзи нахустин ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Саразми шаҳри Панҷакент, Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни ноҳияи Ашт ва Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ баромаданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими тантанавӣ иброз дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Зеро тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд дониста шудааст.
Таъкид шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ аст. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар менамояд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни пешниҳоди барномаи фарҳангӣ даъватшудагон ва волидони онҳо хушҳолӣ намуданд.
Дар фарҷом чун анъана аз ҷониби модарон маросими «Нонгазон» гузаронида шуда, бо дуои пирони рӯзгордида ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


















Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






