Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво 26+30 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар Душанбе ҳарорат 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 11-16 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд






