Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзона 23 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон ва барф ба амал меояд. Вазиши шамол 10-15 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то ба 15+23 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 19+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






