Иштирокдорони синамоҷашнвораи «Тоҷи Сомон» Қалъаи таърихии Ҳисорро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон», ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе идома дорад, ба шаҳри Ҳисор рафта, Қалъаи таърихии Ҳисорро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Ҳайати синамогарон аз давлатҳои Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Эрон, ки барои иштирок дар ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» ба Тоҷикистон омадаанд, бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд.
Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар пазироӣ намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Тибқи анънаи аҷдодӣ, меҳмононро бо нону ширинӣ ансамбли фолклории «Бобоҷонҳо» ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти садои карнаю сурнай бо рақсу шодмонӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори омадани синамогарони ҷаҳон ба шаҳри Ҳисор ҳунармандону кадбонуҳои шаҳр дар назди Корвонсаройи Қалъаи Ҳисор намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро пешкаши меҳмонон намуданд.
Меҳмонон бо Арки Қалъаи Ҳисор, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким ва мадрасаҳои кӯҳна ва нав шинос шуда, оид ба таърихи дирӯзу имрӯзи Ҳисори бостон маълумоти мухтасар гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор











Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид






