Иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» бо минтақаҳои зебои Тоҷикистон шинос мешаванд

Октябрь 17, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз гардид. Дар доираи он имрӯз, 17 октябр тибқи нақша   меҳмонон ба шаҳри Турсунзода сафар менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Дар шаҳри Турсунзода  меҳмонон бо  Осорхона ва   мактаби санъат шинос шуда, дар барномаҳои фарҳангӣ дар боғи марказии  шаҳр иштирок менамоянд. Ҳамзамон сафари меҳмонон ба шаҳри  Ҳисор дар назар аст.

Сипас соати 18:00 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон оғоз гардида, дар он  рӯнамоии лоиҳаи филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»,  (барномаи фарҳангӣ) доир мешавад. Инчунин дар кинотеатри  «Наврӯз» намоиши филми ҳунарии «Узбекдухтар» бо  коргардонии Акбар Бектурдиев манзури тамошобинон мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки дирӯз дар кинотеатри «Наврӯз» Рӯзҳои кинои Русия оғоз гардид.

Рӯзҳои кинои Русия дар Душанбе бо филми ҳунарии «Аз чашм дуру ба дил наздик» (Далёкие близкие) оғоз шуд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор шуда, дар доираи он сокинону меҳмонони пойтахт давоми панҷ рӯз беҳтарин офаридаҳои синамогарони рус ва дигар  давлатҳоро тамошо намуда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» то 19 октябр идома меёбад. Дар он  меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Октябрь 17, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад