ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Замони баргузории бозии дастаҳои «Истиқлол» бо «Персеполис» ва «Ал-Наср» бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар муайян шуд

Октябрь 11, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё 24 октябр дар сафар бо дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон ва дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар ҳамин рӯз дар сафар бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфта буд. Дар қисми аввали бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи дастаи футболи «Истиқлол»-ро ба нишон расонид. Ин аввалин голи дастаи «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешавад.

Қисми дуюми бозӣ комилан ранги дигар гирифт. Ситораи асосии дастаи футболи «Ал-Наср» — Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ: 1 бар 1 намуд. Ин голи аввали Роналду дар Лигаи чемпионҳои Осиё буд. Бо гузаштани 6 дақиқа бозингари бразилӣ Андерсон Талиска бо сар тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд. Дар дақиқаи 77-уми бозӣ пас аз бозии хуби Ғариб ва Талиска дар канори рост ҳисоб 3 бар 1 гардид. Талиска бо зарбаи қавӣ голи дуюмашро дар ин вохӯрии ҷолиб ба нишон расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0 бар 1 аз дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар сатҳи баланд доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расида буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад