Масъулини ниҳодҳои Тоҷикистон ва Нидерланд доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ табодули назар намуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Леувардени Шоҳигарии Нидерланд бо иштироки роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратии Шоҳигарии Нидерланд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Хуршед Мирзо доир ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни мамлакат маълумот пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ табодули назар намуданд.
Дар фарҷом аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






