Намояндагони Тоҷикистон дар Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ дар Фаронса иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ба кор шуруъ намуд, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи нахусти Саммит намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдадориҳои ин давлат дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизои мактабӣ маълумот дода, дар маросими расмии супоридани санад оид ба уҳдадорӣ – Эътилофи ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода имзо шуда буд, иштирок намуданд.
Дар маросими расмӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин давлат аз Осиёи Марказӣ аст, ки моҳи апрели соли равон ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ шуд. Уҳдадориҳо дар назди Эътилофи ҷаҳонӣ дар асоси ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи миллии рушди ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, нақшаи татбиқи он то соли 2027 идома меёбад, татбиқ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Саммити глобалии сатҳи баланд оид ба ғизои мактабӣ ду рӯз идома ёфт ва имрӯз анҷом меёбад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






